Туман «Муаллими сол» шуд
Хоруғ, 7.04.2014. (АМИТ»Ховар», Файз Мирасан).- Озмуни «Муаллими сол» дар ВМКБ баъди фаъолияти серӯза ба кори худ анҷом дод. Бар асоси натиҷаи ҷамъбасти ҳайати ҳакамон омӯзгори фанни математикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии мактаби рақами 5-уми шаҳри Хоруғ Туман Амирбекова ғолиб дониста шуд.
Дар озмуни шаҳрӣ 5 нафар омӯзгори макотиби рақами 2,4,5,6 ва мактаби президентӣ ширкат варзида, аз рӯи 5 шарт- муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ, соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст ба 10 савол ва кор бо компютер байни ҳам рақобат карданд.
Туман Амирбекова ғолиби озмун дониста шуда, аз тарафи шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ бо 300 сомонӣ ва ифтихорномаи шуъбаи маориф қадрдонӣ гардид. Дигар иштирокчиёни озмун низ бо Ифтихорномаи шуъбаи маориф ва маблағи Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илм сарфароз гардиданд.
Озмун аз 1-ум то чоруми апрел идома карда, қарор аст, ки ғолиби ин давр дар озмуни вилоятӣ, ки дар нимаи дуввуми моҳи апрел баргузор хоҳад шуд, ширкат варзад.
Хотирнишон бояд кард, озмуни «Муллими сол» дар ду сол як маротиба доир гардида, даври ниҳоии он моҳи декабр дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе барпо мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






