«Устоди ғазал ва муаллими ахлоқ»-нишасти адабӣ
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-«Устоди ғазал ва муаллими ахлоқ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар толори факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ нишасти адабӣ доир гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар нишаст гузоришҳои Нуралӣ Нуров ва Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзӯъҳои «Таассуроти шоирони ҳавзаи адабии Фарорӯд аз калом ва андешаҳои Шайх Саъдӣ» ва «Таъсири «Бӯстон» — и Шайх Саъдӣ ба маснависароӣ дар нимаи дувуми асри 14 ва асри 15» ба самъи иштирокдорон расонида шуд.
Инчунин дар нишаст аз ҷониби донишҷӯён ашъори ин шоири барҷаста қироат шуда, аз рӯи як ҳикояти «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ намоишнома низ таҳия ва пешкаш гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






