«Устоди ғазал ва муаллими ахлоқ»-нишасти адабӣ

Апрель 25, 2014 15:24

Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-«Устоди ғазал ва муаллими ахлоқ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар толори факултаи  забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ нишасти адабӣ доир гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  дар нишаст гузоришҳои  Нуралӣ Нуров ва Шарифҷон Тоҷибоев дар мавзӯъҳои «Таассуроти шоирони ҳавзаи адабии Фарорӯд аз калом ва андешаҳои Шайх Саъдӣ» ва «Таъсири «Бӯстон» — и Шайх Саъдӣ ба маснависароӣ дар нимаи дувуми асри 14 ва асри 15» ба самъи иштирокдорон расонида шуд.
Инчунин дар нишаст аз ҷониби донишҷӯён ашъори ин шоири барҷаста қироат шуда, аз рӯи як ҳикояти «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ намоишнома низ таҳия ва пешкаш гардид.
 
 
 
 
 
 

Апрель 25, 2014 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!