Ваҳдат дорои имкониятҳои фаровони сайёҳист

Апрель 19, 2014 10:59

Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Шаҳри Ваҳдат дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, мавқеи ҷойгиршавию табиати зебо ва наздик будани он ба пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармояи мустақим соҳаи сайёҳӣ дар ин мавзеъ боз ҳам тараққӣ дода шавад.
Бахусус минтақаи Ромит, истироҳатгоҳҳои Явроз ва Донишу Кайҳон ва дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳр бояд бо инфрасохтори муосир ва шароити мусоиди истироҳату саёҳат таъмин шаванд.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба шаҳри Ваҳдат, ки 15-апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, ба кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дод, ки ҷиҳати тарғиби ҳамаҷонибаи мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳр ва бунёди иншооту инфрасохтори муосир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Апрель 19, 2014 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст