Вакилон ба минтақаҳо мераванд

Апрель 25, 2014 11:19

         Душанбе, 25.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатие, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ карданд.
          Аъзои Шӯро лоиҳаи Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  „Дар бораи хизмати давлатӣ“, «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ“,  „Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ -ро баррасӣ карданд. 
        Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи марбут ба сафари хизматии вакилони палатаи поёнии Парлумони  ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар бобати гузаронидани  вохӯриҳо бо интихобкуннадагон матраҳ гардид.

Апрель 25, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик