Вакилон ба минтақаҳо мераванд
Душанбе, 25.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатие, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ карданд.
Аъзои Шӯро лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи хизмати давлатӣ“, «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ“, „Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ -ро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи марбут ба сафари хизматии вакилони палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар бобати гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкуннадагон матраҳ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






