Вазъи баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар Кӯлоб

Апрель 22, 2014 11:02

Кӯлоб, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои  раиси суди шаҳри Кӯлоб  Баҳром Шарипов  дар давоми  се моҳи соли ҷорӣ  ба Суди шаҳри Кӯлоб  61 парвандаи ҷиноӣ  дохил  ва баррасӣ  гардид, ки аз ин шумора 14 ададаш парвандаи  ҷиноӣ оид ба  муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад. 
Инчунин дар ин муддат  ба Суди шаҳри Кӯлоб  241 парвандаи  ҳуқуқвайронкунӣ  дохил гардид, ки 3 адади он ба  риоя накардани   Қонуни ҶТ  «Дар   бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»  ва 30 парвандаи дигар  оид ба риоя накардани  Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»   шомил  мебошад. Гуфта мешавад, тибқи нақша кормандони Суди шаҳри Кӯлоб  барои дар сатҳи баланди  сиёсӣ   гузаронидани  20- солагии  Конститутсия (Сарқонун)- и ҶТ  дар байни сокинон  суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Апрель 22, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид