Вазъи Меҳнатободи Хуросон муътадил аст

Апрель 22, 2014 14:53

Қӯрғонтеппа, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар айни ҳол  вазъият  дар  деҳаи Меҳнатободи ноҳияи  Хуросон  муътадил буда,  корҳои барқароркунӣ идома доранд. Тавре  ки ба  АМИТ  «Ховар»  сардори Ситоди  ҳолатҳои фавқулодаи  вилояти Хатлон  Ҳотамшо  Шарипов  иттилоъ  дод, баъди 20-25  дақиқаи офати табиии  рӯзи 16  апрели  соли ҷорӣ ҳайати шахсӣ ва  гурӯҳи наҷотдиҳандагони  Ситоди  ҳолатҳои фавқулодаи  вилоят ба  ҷои ҳодиса  омаданд. Барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ  сарбозон  ҷалб шуда, бо истифода аз қаиқҳо  ва  техника  одамон ба  ҷойҳои бехавф  бароварда шуданд.
Ба иттилои  манбаъ, ҳоло  бо истифода  аз қувваи ситоди ҳолатҳои фавқулода 133  хона пурра  аз лой ва  санг  тоза  шудааст. Бо кумаки мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон масъалаи дастрас кардани маводи хӯрокӣ пурра  ҳалли  худро ёфтааст. Ҳолати оилаҳои алоҳида  омӯхта шуда, онҳо бо ҷиҳози лозимӣ таъмин   мешаванд. Як қисми  аҳолӣ барои фароҳам  овардани шароити  хубтар ба хонаҳои наздикони худ кӯчонида шуданд ва  ба тақсим кардани хаймаҳо эҳтиёҷ нест.
Муовини аввали  раиси  ноҳияи  Хуросон Сайхуҷа Каримов гуфт, ки бо дастгирии  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзеи Меҳнатобод ҳашари умуминоҳиявӣ  ташкил шудааст ва  оқибатҳои офати табиӣ  бартараф  шуда истодаанд. Баровардани лой ва санг аз  ҳавлиҳо қариб ба охир мерасад ва  рангуборкунии  хонаҳо идома дорад. Ба гуфтаи Сайхуҷа Каримов  дар мавзеи аз офат зарардида 7 хона қисман ва 4 хона пурра  зарар дидааст. Аҳолии зарардида ба  ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, эҳтиёҷе барои хаймаҳо вуҷуд надорад. Барои барқарор  кардани  манзилҳои зарардида  аз захираҳои молии  ноҳия  маблағҳо ҷалб мешаванд.
 

Апрель 22, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик