Вазъи Меҳнатободи Хуросон муътадил аст
Қӯрғонтеппа, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар айни ҳол вазъият дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон муътадил буда, корҳои барқароркунӣ идома доранд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Ҳотамшо Шарипов иттилоъ дод, баъди 20-25 дақиқаи офати табиии рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ ҳайати шахсӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ба ҷои ҳодиса омаданд. Барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ сарбозон ҷалб шуда, бо истифода аз қаиқҳо ва техника одамон ба ҷойҳои бехавф бароварда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло бо истифода аз қувваи ситоди ҳолатҳои фавқулода 133 хона пурра аз лой ва санг тоза шудааст. Бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масъалаи дастрас кардани маводи хӯрокӣ пурра ҳалли худро ёфтааст. Ҳолати оилаҳои алоҳида омӯхта шуда, онҳо бо ҷиҳози лозимӣ таъмин мешаванд. Як қисми аҳолӣ барои фароҳам овардани шароити хубтар ба хонаҳои наздикони худ кӯчонида шуданд ва ба тақсим кардани хаймаҳо эҳтиёҷ нест.
Муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон Сайхуҷа Каримов гуфт, ки бо дастгирии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзеи Меҳнатобод ҳашари умуминоҳиявӣ ташкил шудааст ва оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуда истодаанд. Баровардани лой ва санг аз ҳавлиҳо қариб ба охир мерасад ва рангуборкунии хонаҳо идома дорад. Ба гуфтаи Сайхуҷа Каримов дар мавзеи аз офат зарардида 7 хона қисман ва 4 хона пурра зарар дидааст. Аҳолии зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, эҳтиёҷе барои хаймаҳо вуҷуд надорад. Барои барқарор кардани манзилҳои зарардида аз захираҳои молии ноҳия маблағҳо ҷалб мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






