Вохӯриҳои Хайрулло Ибодзода дар ҳошияи КБРУ
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Назир Назиров ). – Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Хайрулло Ибодзода дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди устувор бо иҷрокунандаи вазифаи директори дафтари минтақавии ЮНЕП барои Аврупо Ян Дусик мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди устувор бо ЮНЕП – ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Хайрулло Ибодзода ҳамчунин бо директори Маркази байналмилалии технологияи экологӣ хонум Суренда Шрест мулоқот анҷом дод.
«Маркази байналмилалии технологияи экологӣ дар бахши идораи партовҳо муваффақона фаъолият дорад. Маркази мазкур дар ин самт имкон дорад, ки дар бахши идораи партовҳо мусоидат намояд», зикр намуд Суренда Шрест.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






