Вохӯриҳои судманд бо довталабони пойтахт
Душанбе, 11.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ-довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии нохияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт вохӯрӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ҳадаф аз баргузории вохўриҳо фаҳмонидани мақсад ва моҳияти фаъолияти Маркази миллии тестӣ, тартиби супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ, бахусус насли ҷавон мебошад.
Гуфта мешвад, ки чунин мулоқоту вохўриҳои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ имрӯз бо довталабон ва волидони онҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар назар аст. Ҳамчунин чунин мулоқотҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






