Вохӯрии ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чин

Апрель 1, 2014 15:39

    Душанбе, 01.04.2014.(АМИТ«Ховар», Кристина Эрлих). — Вохурии ҳайати соҳибкорони Тоҷикистону соҳибкорони Ҷинӣ дар Душанбе бо сафари корӣ қарордошта бо роҳбарии президенти ширкати «ХУАТЭ» (ҶМЧ) Ден Вэньшен 31 март дар Душанбе баргузор гардид.
 
  Тавре ки аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади вохурӣ  барқарор ва рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи савдои электронӣ , тайёр намудани технологияи иттилоотӣ барои ба вуҷуд овардани шабакаҳои электронӣ дар Тоҷикистон , ҳамчунин истифодаи он дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва фаъолноккунии алоқаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвари ҳамсоя  буд.
 
  Зимни мулоқот  ҷонибҳо зарурати вусъати муколама миёни Тоҷикистон ва Чинро таъкид намуда, қайд карданд, ки муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи ҳамкории мутақобила қарор дорад. Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ , рушди  тиҷорати электронӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохторҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Дар интиҳои мулоқот Протоколи сеҷонибаи беғаразона дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва технологияи иттилооотӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСШП «ШИС» (техналогияи  баланд) ва ширкати «ХУАТЭ» ба имзо расид.
 

Апрель 1, 2014 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик