Вохӯрии ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чин
Душанбе, 01.04.2014.(АМИТ«Ховар», Кристина Эрлих). — Вохурии ҳайати соҳибкорони Тоҷикистону соҳибкорони Ҷинӣ дар Душанбе бо сафари корӣ қарордошта бо роҳбарии президенти ширкати «ХУАТЭ» (ҶМЧ) Ден Вэньшен 31 март дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади вохурӣ барқарор ва рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи савдои электронӣ , тайёр намудани технологияи иттилоотӣ барои ба вуҷуд овардани шабакаҳои электронӣ дар Тоҷикистон , ҳамчунин истифодаи он дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва фаъолноккунии алоқаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвари ҳамсоя буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо зарурати вусъати муколама миёни Тоҷикистон ва Чинро таъкид намуда, қайд карданд, ки муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи ҳамкории мутақобила қарор дорад. Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ , рушди тиҷорати электронӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохторҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар интиҳои мулоқот Протоколи сеҷонибаи беғаразона дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва технологияи иттилооотӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСШП «ШИС» (техналогияи баланд) ва ширкати «ХУАТЭ» ба имзо расид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






