Вохӯрии Рустамҷон Солиев бо Кунио Микурия

Апрель 4, 2014 14:30

Душанбе, 4.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- 2 апрели соли равон дар шаҳри Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Созмони ҷаҳонии гумрук муфассал муҳокима намуданд. Онҳо дар бораи оғози барномаҳои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва расонидани кумаки моддию техникӣ ба он ба мувофиқа расиданд.
Кунио Микурия нақши калидии Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир дар минтақа, бар зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм махсус таъкид кард. Ӯ аҳамияти махсуси ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон ва имконоти коммуникатсионии онро дар ҷодаи рушди робитаҳои тиҷоратӣ дар минтақа таъкид сохт.
Дабири кул аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо истиқбол гирифт. Ӯ тазаккур дод, ки Созмони ҷаҳонии гумрук омодааст ба Тоҷикистон кумаки муносибро барои татбиқи барномаҳои мутобиқати Созмони ҷаҳонии савдо расонад.

Апрель 4, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш