Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Хосэ Эуседа
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Хосэ Эуседаро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корӣ ба ҳайси роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолият ва ҳамкории ояндаи намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ аз фаъолияти Хосэ Эуседа ва саҳми ӯ дар таъмини ҳимоя ва кӯмак расондан ба паноҳандагон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба фаъолияти минбаъдааш муваффақият орзу кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






