Вохўрии судманд бо раиси ноҳия
Кўҳистони Мастчоҳ, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар маҷлисгоҳи бахши ноҳиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ мулоқоти донишҷўдухтарони ноҳия, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, бо роҳбарияти ноҳия доир шуд. Др мулоқот донишҷӯён доир ба таҳсил, муваффақиятҳо ва мушкилоти хеш ҳарф заданд.
Раиси ноҳияи мазкур Сўҳроб Охунов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки имрўзҳо 90 нафар донишҷўи ноҳия аз тариқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил менамояд. Хушбахтона, соли гузашта 18 нафар донишҷўй баъди хатми донишгоҳ ба маркази ноҳия баргашта, бо ҷои кор таъмин гардид.
Умед аст, ки дар оянда мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос дар ин ноҳия ҳалли худро меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






