Воридоти сабзавоти ғайристандартӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Апрель 10, 2014 11:38

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо тайи ду моҳи охир миқдори хеле калон, зиёда аз 200 тонна  маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор намуданд.
Аз агентии мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани санҷиши нозирон дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Кристалл казбеги” ба миқдори 4456 кг чойи хушк ва дар санҷиши муштарак бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар анбори соҳибкори инфиродӣ З. Темуров 22 950 кг маҳсулоти маргарини муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор гардид. Баъд аз гузаронидани ташхис маълум шуд, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгў нест ва бо иштироки комиссияи дахлдор миқдори маҳсулоти номбурда ба таври сўзонидан нобуд карда шуд.
       Инчунин дар анборхонаи ҶДММ “Соса Со1а-нўшокиҳои Тоҷикистон”, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ба миқдори умумии беш аз 138 ҳазор адад нӯшокии ташнашикан бо тамғаи “Fanta”, “Fanta-Лимонад” ва “Соса Соlа”-и муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи салоҳиятдор барои нобудсозӣ пешниҳод гардид.
     Дар самти ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук низ дар раванди корҳои сертификаткунонӣ 15 870 кг сабзавоти тозаи аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воридшуда, аз ҷумла помидор, бодиринг, сирпиёз, қаланфур, ки дар натиҷаи риоя накардани шароитҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот вайрон шудаанд, ғайристандартӣ дониста шуда, дар партовгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуданд.
 

Апрель 10, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст