Воридоти сабзавоти ғайристандартӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо тайи ду моҳи охир миқдори хеле калон, зиёда аз 200 тонна маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор намуданд.
Аз агентии мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани санҷиши нозирон дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Кристалл казбеги” ба миқдори 4456 кг чойи хушк ва дар санҷиши муштарак бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар анбори соҳибкори инфиродӣ З. Темуров 22 950 кг маҳсулоти маргарини муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор гардид. Баъд аз гузаронидани ташхис маълум шуд, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгў нест ва бо иштироки комиссияи дахлдор миқдори маҳсулоти номбурда ба таври сўзонидан нобуд карда шуд.
Инчунин дар анборхонаи ҶДММ “Соса Со1а-нўшокиҳои Тоҷикистон”, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ба миқдори умумии беш аз 138 ҳазор адад нӯшокии ташнашикан бо тамғаи “Fanta”, “Fanta-Лимонад” ва “Соса Соlа”-и муҳлати истеъмолиаш гузашта ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи салоҳиятдор барои нобудсозӣ пешниҳод гардид.
Дар самти ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук низ дар раванди корҳои сертификаткунонӣ 15 870 кг сабзавоти тозаи аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воридшуда, аз ҷумла помидор, бодиринг, сирпиёз, қаланфур, ки дар натиҷаи риоя накардани шароитҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот вайрон шудаанд, ғайристандартӣ дониста шуда, дар партовгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






