Восеъ: Зарари офати табиӣ бартараф мешавад

Апрель 14, 2014 16:15

          Восеъ,  14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Боронҳои  пай дар пайи шаби 12-уми апрели соли ҷорӣ ба  аҳолии ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ  зарари ҷиддӣ расонид ва дар натиҷа  як нафар ба ҳалокат расида,   250 хоҷагӣ зиён   дида, 130 сар чорвои шохдори калон ва моли майдаи хонагӣ талаф ёфт. Инчунин  заминҳои корами  кишоварзӣ  хароб шуданд, ки  комиссияи махсуси  мақомоти давлатӣ  дар айни замон хисороти  расидаро муайян менамояд. Хисороти расида  бештар дар деҳаҳои ҷамоати Тугарак  ба кайд гирифта шуд, ки  корҳои бартарафкунӣ  ва барқарорсозӣ  бо дастгирии Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон  ва ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  бо ҷалби техникаҳои лозимӣ  идома доранд. 
Мавриди зикр аст, ки   офати табиӣ  ба се деҳаи  ҷамоати деҳоти Зарбдор хисорот оварда, дар натиҷа  30 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, 15 сар чорвои калони шохдор  ва 160 сар моли майда  талаф ёфтааст.  
Ҳамчунин омадани сел  ба сокинони  деҳаҳои Ғарабдара, Шулулу  ва Боғиҳабиби ҷамоати деҳоти  Балхобии ноҳияи Муъминобод  хисорот овард, ки дар натича  23 иншооти ёрирасони хоҷагӣ, 800 м  роҳи мошингард ва кӯпрукҳои байни деҳаҳо,  3 км хати оби нӯшокӣ,  як бунгоҳи тиббӣ, 57 сар чорвои хурду калони хонагӣ  талаф ёфт.
Дар айни хол  бо супориши роҳбарияти  ситоди ҷумҳуриявӣ  дар ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, ки  аз офати табиӣ зарар дидаанд,  комиссияи давлатӣ фаъолият дошта,  барои рафъи  оқибатҳои  офати табиӣ  тамоми техникаҳои  заруриро  сафарбар намудаанд.
 
 

Апрель 14, 2014 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!