Вуруди маҳсулоти пластикӣ аз Чехия
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар вохӯрии худ бо Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинэк Пейха, ки 2 апрели соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, заминаи хуби ҳамкорӣ дар байни ду кишварро махсусан таъкид намуд.
Тавре ки дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар соли гузашта тибқи маълумоти расмии оморӣ 3 миллиону 428,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар матои пахтагин ва нахи пахта содир шуда, аз Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гуногун ва маҳсулоти пластикӣ ворид гардидаанд.
Мусоҳибон рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, гидроэнергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ, бозомӯзии мутахассисон, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо афзалиятнок ҳисобида, омодагии кишварашонро барои вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






