Вуруди маҳсулоти пластикӣ аз Чехия

Апрель 3, 2014 10:39

 
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар вохӯрии худ  бо Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гинэк Пейха, ки 2 апрели соли равон  дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, заминаи хуби ҳамкорӣ дар байни ду кишварро махсусан таъкид намуд.
Тавре ки дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар соли гузашта тибқи маълумоти расмии оморӣ 3 миллиону 428,5 ҳазор  доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар матои пахтагин ва нахи пахта содир шуда, аз Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гуногун ва маҳсулоти пластикӣ ворид гардидаанд.
Мусоҳибон рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, гидроэнергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ, бозомӯзии мутахассисон, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо афзалиятнок ҳисобида, омодагии кишварашонро барои вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд. 

 

Апрель 3, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид