Ягон омӯзгор муҷозот нашудааст

Апрель 15, 2014 16:53

Хоруғ, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар доираи нақшаи корӣ ва рӯзи ягонаи ҳуқуқӣ мулоқоти роҳбарони Суди иқтисодии ВМКБ дар мактаби   ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо омӯзгорону  соҳибкорон  баргузор гардид.  Раиси Суди иқтисодии вилоят Давлатмо Додихудоева оид ба Қонун  “Дар  бораи масъулияти падару модар”,Қонун “Дар бораи  танзими  расму оин ва анъана ва Қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” сухан гуфт ва ба суолҳои ҳозирин посух дод. Раиси суди иқтисодӣ бо нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасон дар ҷумҳурӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ масъулияти падару модар ва омӯзгоронро дар тарбияи фарзанд ва хонандагон ёдовар шуда, аз онҳо даъват намуд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми бештар гузоранд. Раиси суди иқтисодӣ изҳор дошт, ки барои нақзи қонуни масъулияти падару модар  дар вилоят мавридҳое  ҳастанд, ки волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Хушбахтона,   ягон нафар омӯзгор барои иҷро накардани ин қонун муттаҳам нашудааст. Вале, ҳодисаҳое ҷой доранд, ки омӯзгорон  бидуни  зарурат талабаро аз дарс ҷавоб медиҳанд ва чунин муносибат  ба беҳудагардии хонандагон бурда мерасонад.  Аз ин рӯ омӯзгоронро зарур аст, ки ба ин паҳлӯи хаёти кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
 

Апрель 15, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик