Ягон омӯзгор муҷозот нашудааст
Хоруғ, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар доираи нақшаи корӣ ва рӯзи ягонаи ҳуқуқӣ мулоқоти роҳбарони Суди иқтисодии ВМКБ дар мактаби ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо омӯзгорону соҳибкорон баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилоят Давлатмо Додихудоева оид ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар”,Қонун “Дар бораи танзими расму оин ва анъана ва Қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” сухан гуфт ва ба суолҳои ҳозирин посух дод. Раиси суди иқтисодӣ бо нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасон дар ҷумҳурӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ масъулияти падару модар ва омӯзгоронро дар тарбияи фарзанд ва хонандагон ёдовар шуда, аз онҳо даъват намуд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми бештар гузоранд. Раиси суди иқтисодӣ изҳор дошт, ки барои нақзи қонуни масъулияти падару модар дар вилоят мавридҳое ҳастанд, ки волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Хушбахтона, ягон нафар омӯзгор барои иҷро накардани ин қонун муттаҳам нашудааст. Вале, ҳодисаҳое ҷой доранд, ки омӯзгорон бидуни зарурат талабаро аз дарс ҷавоб медиҳанд ва чунин муносибат ба беҳудагардии хонандагон бурда мерасонад. Аз ин рӯ омӯзгоронро зарур аст, ки ба ин паҳлӯи хаёти кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






