Як мактаб барои ду ноҳия

Апрель 19, 2014 13:00

Айнӣ, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба 120 оилаи ниёзманди деҳаи Оббурдон аз заминҳои шафати деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои хонаи истироҳатӣ замин ҷудо кард. Феълан аксари сокинон дар манзилҳои навсохти худ зиндагӣ доранд. Деҳаи нав ҳанўз ном надорад, вале сокинон мехоҳанд онро «Ҷавонӣ» ном гузоранд. Кўдакони ин макони  нав барои ба мактаби маркази деҳаи Оббурдон рафтан душворӣ мекашанд, зеро роҳ дур аст. Аз ин рў онҳо дар мактаби деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ , ки соли 2012 бунёд ёфта, дорои 6 синфхона, ҳуҷраи маъмурӣ, хонаи муаллимон мебошад, ба таҳсил машғуланд. Мардуми деҳаҳои ҳамсояи Оббурдони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо ҳам зиндагии аҳлона доранд.
    Мактаб ҳамчун филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и  ба номи Сиддиқ Зарифови деҳаи Шамтуч амал мекунад Бино ба гуфти мудир Акбар Муҳаммадиев дар филиал 30 нафар хонанда таҳсил дорад.

Апрель 19, 2014 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд