Як мактаб барои ду ноҳия
Айнӣ, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба 120 оилаи ниёзманди деҳаи Оббурдон аз заминҳои шафати деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои хонаи истироҳатӣ замин ҷудо кард. Феълан аксари сокинон дар манзилҳои навсохти худ зиндагӣ доранд. Деҳаи нав ҳанўз ном надорад, вале сокинон мехоҳанд онро «Ҷавонӣ» ном гузоранд. Кўдакони ин макони нав барои ба мактаби маркази деҳаи Оббурдон рафтан душворӣ мекашанд, зеро роҳ дур аст. Аз ин рў онҳо дар мактаби деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ , ки соли 2012 бунёд ёфта, дорои 6 синфхона, ҳуҷраи маъмурӣ, хонаи муаллимон мебошад, ба таҳсил машғуланд. Мардуми деҳаҳои ҳамсояи Оббурдони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо ҳам зиндагии аҳлона доранд.
Мактаб ҳамчун филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ба номи Сиддиқ Зарифови деҳаи Шамтуч амал мекунад Бино ба гуфти мудир Акбар Муҳаммадиев дар филиал 30 нафар хонанда таҳсил дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






