Юн Бёнг-се Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт

Апрель 24, 2014 10:03

Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 23 апрели соли 2014 дар доираи баргузории иҷлосияи ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Юн Бёнг-се муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт.Н. Зоҳидов ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин-ҳе супорид, ки дар он ба сабаби ҳалокати одамони зиёд дар натиҷаи садамаи киштии мусофирбари Корея изҳори ҳамдардӣ шудааст.Дар вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон манфиатдории амиқи кишварро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея, ҷалби сармоя ва фановариҳои ҷадиди кореягӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд.Вазири корҳои хориҷии Корея рағбати раҳбарияти олии кишварашро ба таҳкими робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ” таъйид намуд.

Апрель 24, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд