Зулфия Атоӣ -бонуи суханвар
Турсунзода, 4.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» маҳфили адабӣ баргузор гардид. Маҳфили адабӣ таҳти унвони «Бонуи суханвар» ба 60-солагии шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ бахшида шуд.
Дар ҷамъомад адибон Зулфия Атоӣ, Маҳбуба Неъматзода, Хосият Вализода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Шарифаи Аъламзод, Ҳасанбой Ғоиб, Абдуқаҳори Қосим ва дигарон аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат карда, кӯдакону наврасонро ба китобдӯстӣ ҳидоят карданд.
Меҳмонон аз осорхонаи шаҳри Турсунзода боздид карда, бо таърихи гузаштаву имрӯзаи шаҳр ошно шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






