Ғолибияти Акбархӯҷа дар олимпиадаи байналмилалӣ

Май 30, 2014 16:02

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Донишҷӯи соли дуюми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултаи география ва экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Акбархӯҷа Саидалиев аз миёни 11 нафар довталаби озмуни байналхалқии донишҷӯёни макотиби олии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ соҳиби ҷои аввал ва сертификат гардид. 
Тавре ки декани факултаи география ва экологияи донишгоҳ Муъминҷон Аминов иттилоъ дод, дар шаҳри Алмаато бо ташаббуси Донишгоҳи Қазоқистонию Олмонӣ озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии самаранокии сарватҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид ва дар он 11 нафар довталаб аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат варзид. Акбархӯҷа Саидалиев дар 5 марҳилаи саволҳо, ки  бештар дар бораи қонуну конвенсияҳо оид ба об, сифати об, тағирёбии иқлим ва об, энергетика ва об, хоҷагии қишлоқ ва об буда, беш аз 100 саволро дар бар мегирифт, ҷавобҳои мушаххас дода,  соҳиби ҷои аввал ва диплом гардид.
 
 
 

Май 30, 2014 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад