Ғолибияти “Эсхата”- и Хуҷанд бар «Мастчоҳ»-и Мастчоҳ

Май 23, 2014 16:16

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дирӯз се бозии дигари мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд баргузор шуд. Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар дастаи «Мастчоҳ»-и Мастчоҳ — бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард ва бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифт. 
 Бояд  зикр  кард, ки дар ду бозии дигар  дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар сафар бар тими “Маркази омодагии олимпӣ»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ва «Шаҳристон»-и Шаҳристон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бар дастаи  «Ҷавонӣ» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем,ки  бозиҳои рӯзи 21-уми май байни дастаҳои «Спитамен» (Спитамен)  — «Ваҳдат» (Ашт) — 2:1, «Сайҳун» (Бобоҷон Ғафуров) — «Исфара» (Исфара) — 1:4, «Қайроққум» (Қайроққум) — «Канд» (Конибодом) — бо ҳисоби 3:3.ба  анҷом  расиданд.

Май 23, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш