Қабули фаъолияти бонкдории исломӣ

Май 16, 2014 09:36

Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон,    14 майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи “Фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро тасдиқ намуданд. 
     Зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зикр намуд, ки пас аз буҳрони молиявию иқтисодие, ки аз соли 2009 тамоми дунёро фаро гирифта буд, тарзи кори бонкдории исломӣ, ки ин буҳронро муваффақона паси сар намуд, диққати аксар созмонҳои пешқадами молиявии ҷаҳонро ҷалб намуд. 
     Бо назардошти ин таҷрибаи пешқадам аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намуданд.

Май 16, 2014 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик