Қабули фаъолияти бонкдории исломӣ
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, 14 майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи “Фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро тасдиқ намуданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зикр намуд, ки пас аз буҳрони молиявию иқтисодие, ки аз соли 2009 тамоми дунёро фаро гирифта буд, тарзи кори бонкдории исломӣ, ки ин буҳронро муваффақона паси сар намуд, диққати аксар созмонҳои пешқадами молиявии ҷаҳонро ҷалб намуд.
Бо назардошти ин таҷрибаи пешқадам аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






