Қабули Изҳороти сеҷонибаи ҷамъбастии Ташаббуси АҚТ
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи сеҷонибаи роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии «Ташаббуси АҚТ»-Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ-муттаҳид намудани кӯшишҳои се кишвар дар мубориза бар зидди интиқоли маводи нашъаовар аз рӯи «хатсайри шимолӣ», инчунин мубодилаи иттилооти фаврӣ ва масъалаҳои омода намудани кадрҳо мебошад.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа Изҳороти сеҷонибаи ҷамъбастии Ташаббуси АҚТ қабул карда шуд. Дар ҳуҷҷат зикр гардидааст, ки истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон ва зиёд шудани талабот ба он, хатари иловагиро ба минтақа ва берун аз он эҷод менамояд, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва андешидани тадбирҳои навро барои муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи прекурсорҳо талаб менамояд.
Дар вохӯрӣ инчунин «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия намудани Изҳороти вазоратӣ, ки дар чорчӯбаи вохӯрии сеҷонибаи вазирон-роҳбарони идораҳои зиддимухадиротии Афғонистон-Қирғизистон-Тоҷикистон қабул гардид», ба имзо расид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






