Қурби асъори хориҷӣ тағйир ёфт
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 5,0827-5,1010 сомонӣ баробар шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ андаке баланд шуда, 0,1432-0,1442 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9580-6,9798 сомонӣ ба як евроро ташкил намуд.
15 май қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе ба 5,0850-5,1050 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,0900-5,1000 сомонӣ ва Қурғон-теппа ба 5,1000-5,1100 сомонӣ баробар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






