Қувваозмоии донишҷӯён дар «Маҳзар»
Душанбе, 19.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи барнома-озмуни телевизионии Маҳфили зарифон “Маҳзар”, ки бо ташаббуси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфтааст, 16 май дастаҳои “Леваканд”-и Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ва дастаи “Нурафшон”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар ин чорабинӣ, ки ҳарду даста хуб ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби ҳакамон ҳарду даста ғолиб дониста шуданд.
Гуфта мешавад, ки дастаи “Нурафшон” бо дастаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд ва “Леваканд” бо Донишгоҳи давлатии Кўлоб дар шаҳри Кӯлоб миёни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






