Ҳаҷми ММД ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуд
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2014 сарфи назар аз коҳиши рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони савдо ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳон дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7 фоизро ташкил намуд. Рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, сохтмон — 38,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 13,6 фоиз, гардиши савдои чакана — 13,1 фоиз, саноат — 3,6 фоиз ва хизматрасонӣ — 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2014 раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ ҳамчун омили беруна ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум (картошка, сабзӣ, пиёз ва маҳсулоти гӯштӣ) ҳамчун омили мавсимӣ ба болоравии сатҳи таваррум таъсир расонид. Дар натиҷа ин нишондиҳанда 2,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






