Ҳаҷми муомилоти моли байни Тоҷикистону Чин — беш аз 2 млрд. доллар
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — «Ҳамкории байни Тоҷикистону Чин дар ҳамаи самтҳо собитқадамона рушду густариш меёбад. Мувофиқати байни роҳбарони ҳар ду давлат асоси муҳими ҳуқуқии он ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо раиси ҶМЧ Син Ҷинпин ба таври махсус қайд намуд, ки вохӯрии сарони ҳар ду давлат аз боварии комил ба якдигар шаҳодат медиҳад. Раиси ҶМЧ дар навбати худ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсти қарин ва шарики боэътимоди кишвари худ қаламдод кард. Зикр шуд, ки вақтҳои охир ҳаҷми муомилоти солонаи моли байни кишварҳоямон беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад», — гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев зимни мулоқоти соҳибкорони музофоти Шэнсии Чини Ғарбӣ ва Тоҷикистон, ки 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мувофиқи суханони мавсуф, ҳар сол бо мусоидати палата садҳо нафар соҳибкорони кишвар дар ярмаркаҳои байналмилалии Қошғар, Урумчи, Гуанчжоу ва шаҳрҳои дигари ҶМЧ иштирок менамоянд. Дар шаҳрҳои зикршуда намояндагиҳои ПСС ҶТ кушода шудаанд, ки ба соҳибкорони тоҷик барои вусъат бахшидани тиҷорат ёрии амалӣ мерасонанд.
Алҳол ҳамкории байни ҳар ду кишвар дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, истифодаи захираҳои минералӣ, мошинсозӣ, техникаи барқӣ, саноати нассоҷӣ ва сабук, индустрияи сохтмонӣ, роҳсозӣ ва ғайра босуръат рушд меёбад. Ҳайати соҳибкорони Чин ҳамчунин аз Маркази инноватсионии фермерҳо, фермаи мурғпарварӣ ва ҳавзи моҳипарварии Анҷумани миллии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати «Роҳатӣ», деҳаи Теппаи Самарқандӣ боздид намуда, бо раиси анҷуман Азизбек Шарифов гуфтушунид кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






