Ҳалокати кӯдаки 4 — сола бар асари садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). – 4 майи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ кӯдаки чорсола ба ҳалокат расид. Назар ба хабари намояндаи ВКД ҶТ, ронандаи автомобили тамғаи «Toyota Corolla» Элмурод Мусоев, ки аз шаҳри Кӯлоб сӯи ноҳияи Восеъ ҳаракат мекард, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, Файзигули Ҳодии 4 – соларо пахш намуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса кӯдаки зикршуда ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар роҳи сӯи беморхона ҳалок шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






