Ҳамкориҳои судманди Беларус ва Тоҷикистон
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 14 май раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар ҳошияи боздиди ҳайати тиҷоратию иқтисодии Беларус аз Тоҷикистон бо муовини директори генералӣ оид ба равобити иқтисодии хориҷии шуъбаи Палатаи савдои Беларус воқеъ дар шаҳри Минск Татяна Дубовой мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусоҳибон дурнамои равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр шуд, ки корхонаҳои Беларус ба рушду таҳкими ҳамкории судманд бо ширкатҳои Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд.
«Роҳандозии равобити мустақими тоҷирону соҳибкорон омили муҳими таъсис ёфтани Шӯрои тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Беларус гардид. Ҷаласаҳои якум ва дуюми шӯро, ки тайи солҳои 2011 ва 2012 баргузор гардиданд, далели ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани тарафайн мебошанд», — гуфт Шариф Саид.
«Сафари пешорӯи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус воқеаи муҳиме дар амри рушду густариши муносибатҳои дуҷониба мегардад», — зикр намуд Татяна Дубовой.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






