Ҳамкории ҶТ бо Русия дар бахши илму таҳсилот
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллозода ). — Имрӯз, 6 май, дар шаҳри Душанбе шартномаи байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петразаводски Федератсияи Русия имзо шуд.
Шартномаро, ки мақсад аз он рушду таҳкими минбаъдаи байналмилалӣ дар бахши маорифу илми Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад, аз ҷониби Тоҷикистон президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва аз ҷониби Русия ректори Донишгоҳи давлатии Петрозаводск Анатолий Воронин имзо намуданд.
Тавре ки президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, самтҳои асосии ҳамкорӣ иборат аз расонидани ёрӣ ба доду гирифти маводи таълимию усулӣ, ҳамкорӣ дар таҳия ва нашри китобҳои таълимию усулӣ, омӯзгорӣ ва ғайра мебошад.
Мувофиқи суханони манбаъ, аҳамияти шартномаи мазкур он аст, ки дар он роҳандозии чорабиниҳо барои такмили ихтисоси мутахассисон ва бозомӯзии онҳо пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






