Ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Душанбе, 21.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кори худ оғоз намуд.Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳайатҳои сершумор аз давлатҳои дигари аъзо ва нозири ин созмон ташриф овардаанд.Хотиррасон бояд намуд, ки Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 24 кишвари аъзо ва 13 нозир дорад.Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид дошт: “ин қитъа метавонад ва бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузург амалӣ намояд”.“Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”, — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






