Ҳангоми оббозӣ эҳтиётро фаромӯш накунед
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон таҳдид мекунад, эҳтиёткор бошанд.
Сардори Маркази матбуоти кумита Ориф Нозимов гуфт, ки бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ дар соли 2013 -124 нафар шаҳрванд ғарқ шуд, ки ин боиси ташвиши кормандони кумита гашт.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздикон, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намоянд ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ намоянд. Ҳангоми истироҳат дар наздикии иншоотҳои обӣ ноболиғонро беназорат нагузоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






