“Ҳаёти шахсиятҳои маъруфи кишвар”-маҳфили адабӣ

Май 30, 2014 15:21

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). -Маҳфили адабӣ дар мавзӯи “Шахсияти Мирзо Турсунзода ва замон” бо ибтикори Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ (КМТ) ва Иттифоқи нависандагон 30 май дар Душанбе баргузор гардид.   
Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон перомуни ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода ҳарф зада, афзуд, ки эҷодиёти Мирзо Турсузода ба ватандӯстиву инсонпарварӣ бахшида шудааст. Ашъору эҷодиёташро мамолики ҷаҳон эътироф намудаанд. Ва иштирокдорони маҳфил, ки шоирро ба хубӣ мешинохтанду аз эҷодиёташ огоҳӣ доштанд, аз зиндагиномаи Турсунзода нақлҳои аҷиб намуданд. Дар толоре, ки ин маҳфил баргузор гардид, китобҳои шоир ба маърази тамошо гузошта шуданд.
 Ёдовар мешавем, ки маҳфили силсилавӣ аз “Ҳаёти шахсиятҳои маъруфи кишвар” маҳфили аввалин буда, моҳе як маротиба таҳти роҳбарии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар китобхонаи миллӣ баргузор мегардад. 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 30, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!