Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба 69-умин солгарди Иди Ғалаба дар маҷлисгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони мақомот баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд, Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба нақши тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва қаҳрамониҳои онҳо сухан гуфт. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар он солҳо зиёда аз 300 000 нафар фарзандони баору номуси Тоҷикистон бар зидди фашизми гитлерӣ мубориза бурда, қариб 100 000 нафари онҳо абадӣ дар майдони ҷанг монданд.
Аз ҷумла, ин идро дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кормандони вазорат ва дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҷлил намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева иштирокчиёнро бо рўзи ғалаба бар фашизми истилогар табрик намуд.
Бо Қарори раиси Раёсати «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба собиқадори ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробар кумакпулиҳо тақдим шуданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти бонки мазкур Ҷамшед Нурмаҳмадзода бевосита ба дидорбинии собиқ корманди «Амонатбонк» Қудбиддин Мақсудов, ки собиқаи беш аз 30- солаи корӣ дошта, ҳамзамон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, рафт.
Аз ҷумла, дар ин рӯз ба маъюбон ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва ҳамчунин кормандони бонк, ки чанд тан ҷанговарони интернатсиолист мебошанд, кумакпулиҳо тақдим шуданд. Масъулини бонки мазкур дар оянда низ расонидани кумакҳои пулию молиро бо имкониятҳои мусоид ва фаромуш накардани хизматҳои шоёни ин нафаронро ваъда доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






