Ҳисор аз буҷаи давлатӣ 1,5 миллион сомонӣ қарздор аст
Душанбе,15.05.2014.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидзода).-Иҷрои буҷети маҳаллӣ дар ноҳияи Ҳисор дар се моҳи аввали соли равон 15 май дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ, ки таҳти раёсати Убайдулло Давлатов- раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ, худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, матраҳ шуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» аз ҳисоби андозҳои танзимшавандаи буҷети ноҳия қариб 266 ҳазор сомонӣ кам маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шудааст. Инчунин маблағҳои қарзие, ки соли гузашта аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 1,5 миллион сомонӣ гирифта шуданд, то имрӯз ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида нашудаанд.
Дар муҳокимаи парлумонӣ дар радифи вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, мутахассисони Палатаи ҳисоб, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар иштирок доштанд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми буҷети ноҳияи Ҳисор дар соли равон 90 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2013 беш аз 23 % зиёд буда, 75% буҷети ноҳия барои фонди музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон Усмон Сабзов-раиси ноҳияи Ҳисор доир ба тадбирҳои андешидаи ҳокимияти маҳаллӣ дар бахши ҳалли камбудию норасоиҳое, ки дар самти иҷрои буҷети ноҳия ҷой доранд, гузориш дод. Иҷрои буҷети маҳаллӣ дар ноҳияи Ҳисор дар се моҳи аввали соли равон дар муҳокимаи парлумонӣ дар ҳоле матраҳ шуд, ки соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон таҷлил мешавад. Дар ин росто баҳри истиқболи сазовори ин ҷашн дар Ҳисор корҳои ободонӣ ва созандагӣ босуръат идома доранд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






