Ҳисор дар замони Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба шарафи 3000 – солагии Ҳисор ва 600 – солагии Абдураҳмони ҶомӣДушанбе, 17.05.2014. (АМИТ “Ховар”).-Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ҷашнвораҳои солҳои 2014 – 2015 ЮНЕСКО ворид гаштани 3000 – солагии Ҳисор ва 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ аз талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Омодагӣ ва баргузории ин маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи эҳтиром ба таърихи пурғановати халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургони нобиғи он аҳамияти калон дорад. Дар вохўрӣ бо зиёиёни кишвар, ки чун анъана дар арафаи иди Наврўз 20 марти соли 2014 баргузор гардид, Сарвари Давлат ба хизматҳои арзанда ва мавқеи ҳазрати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар адабиёт, фарҳанг ва фалсафаи халқамон махсус истода, таъкид кард: “Асрҳо ва наслҳо якдигарро иваз мекунанд, вале эҳтироми Мавлоно Ҷомӣ дар давоми шаш аср коста нашуда, балки баръакс, тарафт меафзояд”. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таҳаввули афкори адабию фарҳангӣ ва илмию фалсафии халқамон, аз ҷумла доираи адабӣ ва таърихи Ҳисор саҳми бориз гузоштааст. Доираи адабии Мовароуннаҳру Хуросон, аз ҷумла Ҳисори Шодмон дар давраи Мавлоно Ҷомӣ вобаста ба шароити таърихӣ инкишоф меёфт. Ногуфта намонад, ки дар асри ХУ, баъди фавти Темур империяи ў рў ба таназзул оварда, мубориза байни наздикону пайвандони ў шиддат гирифта, дар натиҷа доираҳои адабии бисёр минтақаҳо рў ба таназзул оварданд. Танҳо дар шаҳрҳои қадимаи Ҳироту Самарқанд, ки дар он ҷойҳо аҳли адабу илм то андозае зери сарпарастии ҳокимони нисбатан адабиётдўсту илмпарвар буданд, барои аҳли қаламу илм шароити нисбатан мусоид мавҷуд буд. Ин бесабаб набуд. Дар он давр дар Ҳирот нобиғаи давр, шоир, олим, пири хирад Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ зиндагию эҷод мекарданд ва бо нуфузи дар назди ҳокимони давр доштаашон барои пешрафти адабиёт мусоидат менамуданд. Ҳамин буд, ки Ҳирот ба маркази фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр табдил ёфта, мадрасаҳои амалкунанда ва мударрисони донишманд дошт ва дар ин ҷо доираи адабии қавӣ амал мекарданд. Аз сабаби нооромии ҷомеа, ҷангу ҷидолҳо, дар рўйи роҳ воқеъ будани Ҳисор бисёр шахсони муътабари ин диёр ва олиму фузалои он барои амнияти шахсӣ ва пайдо кардани шароити беҳтари зиндагию эҷод ба дигар шаҳру кишварҳо ҳиҷрат мекарданд. Як қисмҳо то Ҳинду Ироқ рафтанд, аммо бештарашон ба Ҳирот, ки нисбатан наздик ва ором буд, мерафтанд. Ҳатто маълум аст, ки аз ҳисоби мардуми кўчии Ҳисор дар Ҳирот маҳаллаи “Ҳисориён” пайдо гашта буд. Адибон, олимон ва мутафаккирони ҳисориасл дар Ҳирот зери сарпарастии ҳазрати Ҷомӣ дар мадрасаҳо хондаю ба ҳайси мударрисони донишманд дарс мегуфтанд, дар маҳфилҳои адабӣ ширкат варзида, асарҳо эҷод менамуданд. Аз ҷумла, муаррихи маъруфи асримиёнагии Шарқ Хондамир, муаллифи “Равзат – ус — сафо” – и маъруф, зодаи Ҳисор буда, писари Султон Маҳмуди Шерозӣ – вазири ҳокими темурӣ дар Ҳисор- Султон Маҳмуд Мирзо будааст ва ба Ҳирот рафтаю таҳсили илм карда, дар он ҷо асари машҳурашро навиштааст. Дар “Бадоеъ – ул — вақоеъ” – и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳикояи “Хамсат-ул — мутаҳайира” (Панҷгонаи ҳайратовар) оварда мешавад, ки он дар бораи ҳамдарси Мавлоно Ҷомӣ будани Ҳоҷа Исмоили Ҳисорӣ, ки бо номи Мавлоно Довуд низ машҳур будааст, маълумот дода мешавад. Ў ҳангоми таҳсил бо дониши фарохи худ устодашон Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармиро ба ҳайрат гузошта будааст. Ин шахс баъдтар ба мансаби садорати Султон Маҳмуд Мирзо (ҳокими Ҳисор) ноил мешавад. Дар ин бора инчунин муаллифи “Таърихи Рашидӣ” Мирзо Муҳаммад Ҳайдар маълумот дода, дар байни панҷ тан уламои бузург, дар қатори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Шайх Ҳусайни Муҳтасиб, Мавлоно Шамсиддини Баҳрободӣ, Мавлоно Буҳрониддин (ё Мавлоно Тунӣ), номи Мавлоно Довуди Ҳисориро пас аз исми ҳазрати Ҷомӣ сабт мекунад. Олимону фузало ва шоирони Ҳисор дар Ҳирот обрўи калон доштаанд. Восифӣ доир ба дар ҷанозаи падари Хоҷа Исмоили Ҳисорӣ иштирок кардани Мавлоно Ҷомӣ маълумот медиҳад. Инчунин дар доираи адабии Ҳирот шоирон Мулло Биҳиштӣ, Мулло Муҳаммад Сағонӣ, Мавлоно Солеҳ, Мавлоно Холидӣ, Мулло Туфайлӣ, Мавлоно Баёзӣ, Мавлоно Майлӣ ва дигарон маъруф буданд. Бо мақсади маҳорати шоирии ин зумра адибонро нишон додан мо як назари иҷмолӣ ба осори Мавлоно Солеҳ меандозем. Аз ин шоир, ки ҳунари баланди шеъргўӣ доштааст ва дар давраи ҳукмрони Ҳисор будани Хумоюн китобдори дарбори ў будааст, ин байти ғарро маъруф аст: Агар, эй шамъ, шабе ҳамнафаси ман бошӣ,Чӣ дуо беҳтар аз он аст, ки равшан бошӣ. Ин байти Мавлоно Солеҳи Ҳисорӣ то андозае маъруф ва писанди дигарон гашта будааст, ки ҳанўз дар давраи зиндагии муаллиф онро ҳунармандон дар рўйи табақчаи шамъдон ҳаккокӣ карда будаанд.Инчунин як ғазали дигари Мавлоно Солеҳ то ба мо расидааст, ки аз маҳорати баланд ва ҳунари бузурги шеъргўии адиб далолат мекунад: Нозам ба чашми худ, ки ҷамоли ту дидааст,Афтам ба пои худ, ки ба кўят расидааст.Ҳар дам ҳазор бўса занам дасти хешро,К-ў доманат гирифта ба сўям кашидааст.Дар зар бигирам аз раҳи таъзим гўшро,К-овози ҷонфизои ту рўзе шунидааст.Ҳушу хирад фидои дили хештан кунам,К-аз ҷоми ту шароби муҳаббат кашидааст.Вобастагӣ ба Солиҳ аз он шуд дили маро,К-аз ҳарчӣ ғайри туст, ба куллӣ рамидааст. Ин ду байт низ аз ўст ва басе некўст, ки аз рўйи гуфтаҳо дар вақти тарки дунё гуфтааст:Асири ҳаҷр шудам ҳар куҷо, ки дил бастам,Фитод тарҳи ҷудоӣ ба ҳар кӣ пайвастам.Гузаштам аз талаби ҳар муроду осудам,Кашидам аз ҳама дасти умеду ворастам. Дар “Маҷолис – ун — нафоис” – и Амир Алишери Навоӣ, ғайр аз Мавлоно Солеҳи Ҳисорӣ дар бораи дигар шоирони ҳисориасл маълумот дода, аз эҷодиёташон намунаҳо меорад ва барои шинос кардан хонандагони азиз баъзе хулосаҳои ўро ин ҷо нақл мекунем. Навоӣ Мавлоно Муҳаммад Сағонӣ (Сағонӣ — Ҳисорӣ) – ро вазирзода буд ва таъби хубу дар шеър майли бисёр дошт, мегўяд. Табъи неки Мавлоно Биҳиштиро қайд карда, дар Ҳирот таҳсили илм карда, соҳиби санъати баланди шеъргўӣ доштани Малоно Холидиро таъкид мекунад ва оид ба аз Ҳисор ба Ҳирот омадану ин ҷо бемор шуда ба зодгоҳаш баргаштани Мавлоно Баёзӣ маълумот медиҳад. Дар муаммо устод будани Мавлоно Майлӣ, шахси номуроду табъи хуб доштани Мулло Туфайлӣ, доир ба бо тахаллуси Одилӣ шеър гуфтани ҳокими Ҳисор Байсунқар Мирзо дар асари Навоӣ қайд шудаанд. Барои собити фикр чанд мисоле аз шоирони зикршуда меорем. Аз Мавлоно Муҳаммад Сағонӣ: Чунон ғарқи маям, соқиё, ки аз гили ман,Агар гуле бадар ояд, шароб аз ў бичакад.Аз Мавлоно Биҳиштӣ: Дар каманди ту на ҳар бе сарупо афтодааст,Ин балоест, ки бар гардани мо афтодааст.*** Ҳангоми иду мавсими гулҳо шукуфтанист,Соқӣ, биёр бода, чӣ ҳоҷат ба гуфтанист. Аз Мавлоно Холидӣ: Матарс аз тани хокӣ ба вақти куштани ман,Агар ба теғи ту гарде расад, ба гардани ман. *** Намехоҳам, ки баргирад сабо аз кўи ў гарде,Мабод он тӯтиёро афканад дар чашм бедардӣ Боиси тазаккур аст, ки эҷодиёти Мавлоно Солеҳ ва Мавлоно Холидӣ дар асри ХУ дар Мавороуннаҳру Хуросон шуҳрати калон доштааст. Аз Мавлоно Баёзӣ: Бизан бар синаи ман ханҷару афкан сар аз тан ҳам,Дари ин хонаи торикро бикшою равзан ҳам. Аз Мулло Калони Муаммоӣ: Дило, чун роҳ намеёбӣ ба базми айшу шодиҳо, Биё, паҳлуи ман биншин, ба кўи номуродиҳо.Аз Мавлоно Майлӣ: Ҷафо ҳамин на аз он шўхи бевафо дидам,Зи ҳар кӣ чашми вафо доштам, ҷафо дидам. Аз Мулло Туфайлӣ: Чӣ сон ниҳон шабе дар кўи он нозукбадан бошам,Ки барқи оҳ равшан мекунад ҷое, ки ман бошам. Аз Одилӣ (Бойсунқар Мирзо): Кош дар ишқи буте девонае бошад касе,Тарки олам карда дар вайронае бошад касе. Дарвоқеъ, дар мулки Ҳисор бисёр шахсони соҳибкитобу адибону муҳаққиқони донишманд ба дунё омада, барои ғанӣ гардонидани фарҳанги халқи тоҷик хизмати арзанда кардаанд. Дар ҳамин давра яке аз донишмандони нимаи дуюми асри понздаҳ ва аввали асри шонздаҳ Мавлоно Дарвеш Муҳаммади Қаратоғӣ, ки забони тибетиро медонистааст ва бо ҳокимони Тибет муносибати дўстона доштааст, дар ин сарзамин кор ва эҷод кардааст ва бо хиёнати ҳамдиёраш дар Тибет кушта мешавад. Инчунин дар замони Мавлоно Ҷомӣ олими таърихнигор ва донишманди таърихи дин Абдулазизи Муҳин – ал Ҳисорӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ў соли 1418 (дар замони тифлии ҳазрати Ҷомӣ) китоберо бо унвони “Сайр – ан Набӣ”, ки ба вафоти Ҳазрати Муҳаммад (с) ва зиндагиномаи чорёрон бахшида шудааст, иншо мекунад. Дар асри ХУ номи Мавлоно Ҳусайни Ҳисорӣ низ маъруф будааст, ки дар асари нодири асри дувоздаҳ “Фатвои Уттабӣ” (муаллифаш Зайниддин Абдунасри Уттабӣ) дар бораи ў маълумот дода мешавад. Мутаассифона, фаъолияти аҳли илму мутафаккирони Ҳисор дар даврони Ҷомӣ то ҳанўз интизори муҳаққиқони худанд. Бар замми ин боду ҳаво, мавқеи ҷуғрофӣ, дар роҳи гузашти корвон воқеъ будани Ҳисор боис гаштааст, ки дар асри Мавлоно Ҷомӣ ба ин сарзамин пою қадами бисёр бузургони давр расидааст. Дар асарҳои таърихӣ дар ин мулк ҳукуматдорӣ кардани Бобур Мирзо, воқеъ шудани муборизаҳои хунин барои тахту тоҷ байни бозмондагони темурӣ сабт ёфтаанд. Аз рўйи далелҳо ба ин сарзамин дар асри Мавлоно Ҷомӣ Хоҷа Аҳрори Валӣ, Алишери Навоӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва бисёр бузургон қадам ранҷа намудаанд. Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ аз панҷ сафар дар давоми умраш чор маротиба ба Самарқанд рафта будааст. Сафари аввали ў, ки барои таҳсил дар Самарқанд ба вуқўъ пайваста буд, 16 сол давом мекунад ва роҳи сафар табиист, ки бо воситаи Ҳисор (он вақт Чағониёну Сағониён низ мегуфтаанд) гузаштааст. Бори дуюм Ҷомӣ бо шаҳодати Алии Сафӣ дар китоби “Рашаҳот”, ба Самарқанд бо воситаи Ҳисор соли 1465 махсус барои суҳбати Хоҷа Аҳрори Валӣ рафтааст. Ин сафар баъди 18 соли вафоти муршиди Хоҷа Аҳрори Валӣ – Хоҷа Яъқуби Чархӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бо гуфти худи Ҷомӣ дар “”Нафаҳот – ул – унс” дар ин мобайн Хоҷа Аҳрор барои дидор ва суҳбати Хоҷа Яъқуби Чархӣ ба Ҳисор меояд ва дасти пир мегирад. Аз ин рў, Ҷомӣ ба дидорбинии Хоҷа Аҳрор бе зиёрати марқади муршиди аҳли Нақшбандӣ Хоҷа Яъқуби Чархӣ рафта наметавонист. Бори сеюм Мавлоно Ҷомӣ бо роҳи гузари Самарқанд ва бозгашт аз он ба Ҳисор меояд. Умуман қадамҷойи бузургон, аз ҷумла Мавлоно Ҷомӣ будани Ҳисори Шодмон гувоҳи он аст, ки ин сарзамин дар баробари дар сари роҳи калон воқеъ буданаш, бо табиати зебои худ, ободии макон, бо мазори бузургони хеш, бо аҳли адабу эҷодаш диққати бисёр нобиғаҳои даврро ба худ ҷалб кардааст. Мо ин ҷо кўшидем, ки як лавҳаи саҳифаи таърихи Ҳисорро вобаста ба зиндагиномаи Мавлоно Ҷомӣ варақ занем. Моро эътимод комил аст, ки маъракаи омодагӣ ба ҷашни 3000 – солагии Ҳисор бисёр саҳифаҳои таърихи ин диёрро равшан ва бо ин восита таърихи Тоҷикистони азизро ғанӣ мегардонад. Султонмуроди Одина- адиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон.