«Ҳофизхонӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Май 24, 2014 11:19

Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Ҳофизхонӣ» таҳти роҳбарии Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор гардид.Дар маҳфили «Ҳофизхонӣ» дӯстдорони аҳли илму адаб ва донишҷӯёну каломи мавзуни Ҳофиз иштирок доштанд. 
 Маҳфили навбатӣ бо байти “Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро” оғоз шуд. Баъдан шоир, муҳаққиқ Аскар Ҳаким, ки роҳбарии ин маҳфилро бар уҳда дорад,  ба таҳлили ин абёт шурӯъ карда афзуд, ки шоир дар ин байт маънии осмониро дар назар дорад, дар ин мисраъ калимаи адабро бисёр риоят кардааст ва калимаи раъноро барои намоён кардани чеҳраи маъшуқ истифода бурда, истиора аз маъшуқ медонад.
 Баъдан меҳмонони маҳфил адабиётшиносон оид ба ин ғазал фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.
Маҳфили «Ҳофизхонӣ» бо ибтикори КМТ моҳе ду маротиба гузаронида шуда, ин маҳфили чорум ба шумор меравад.

Май 24, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст