«Ҳофизхонӣ» дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 24.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Ҳофизхонӣ» таҳти роҳбарии Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор гардид.Дар маҳфили «Ҳофизхонӣ» дӯстдорони аҳли илму адаб ва донишҷӯёну каломи мавзуни Ҳофиз иштирок доштанд.
Маҳфили навбатӣ бо байти “Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро” оғоз шуд. Баъдан шоир, муҳаққиқ Аскар Ҳаким, ки роҳбарии ин маҳфилро бар уҳда дорад, ба таҳлили ин абёт шурӯъ карда афзуд, ки шоир дар ин байт маънии осмониро дар назар дорад, дар ин мисраъ калимаи адабро бисёр риоят кардааст ва калимаи раъноро барои намоён кардани чеҳраи маъшуқ истифода бурда, истиора аз маъшуқ медонад.
Баъдан меҳмонони маҳфил адабиётшиносон оид ба ин ғазал фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.
Маҳфили «Ҳофизхонӣ» бо ибтикори КМТ моҳе ду маротиба гузаронида шуда, ин маҳфили чорум ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






