Ҷаласаи илмии кишварҳои СААД
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи равон дар доираи ҳамкориҳои муштараки созмонҳои байналхалқӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимӣ-ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷаласаи васеи илмӣ таҳти унвони «Пурзӯрнамоии ҳатмии вазифаи ситоди дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кори омодасозии кадрҳо ва мутахассисон барои кишварҳои аъзо» доир гардид.
Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, дар он масъулини вобастаи соҳаи кадрии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои созмони мазкур-Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа маърӯзаҳои илмӣ намуда, перомуни рушд ва ҳолати тайёр намудани мутахассисони ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки муассисаҳои таълимии тобеи вазоратҳои мудофиа дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм дар омода намудани мутахассисони ҳарбӣ масъулияти баландро бар дӯш доранд.
Инчунин ба иҷрои ҳатмии нақшаи амалигардонии роҳҳои асосии рушди ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то соли 2020-ум, ки 23-юми сентябри соли 2013 бо қарори Шӯрои дастаҷамъӣ ва бехатарии созмони мазкур, дар хусуси омода намудани мутахассисони ҳарбӣ тасдиқ гардидааст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






