Ҷаласаи машваратии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 12.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври навбатии ҷаласаи машваратии комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз гардид.Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳо муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон роҳбарӣ менамояд. Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини Сарвазир Абдурахмон Маматалиев дар ин ҷаласа иштирок доранд.Ҷонибҳо дар даври навбатии ҷаласаи муштараки машваратӣ баъди тасдиқи рӯзномаи корӣ рафти иҷрои созишҳои қаблии муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, роҳҳои нави аз байн бурдани мушкилоти марзӣ, сохтмони роҳҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, истифодаи чарогоҳҳои назди сарҳадӣ, дарёфти асосҳои ҳуқуқии муайянсозӣ ва аломатгузории марзи байнидавлатӣ дар минтақаҳои боқимонда ва масоили таҳияи қарордоди ҳамкорӣ оид ба сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Кори ҷаласаи мазкур 13-уми май идома ёфта дар анҷоми он имзои санадҳои дар рафти музокирот ва гуфтушунидҳои дуҷониба мувофиқашуда дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






