Ҷаласаи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон

Май 30, 2014 11:59

Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Аз 5 то 9 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) доир мегардад. 
Интизор меравад, ки дар доираи сафар вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Лаҳистон, вохӯрии роҳбари ҳайати Лаҳистон бо роҳбари ҳайати Тоҷикистон-вазири рушди иқтисод ва савдо, Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон, мизи мудаввар барои соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон, ба имзо расонидани Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, нишасти матбуотии ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон барои ВАО баргузор гардад. Ҳамчунин ташрифи меҳмонон ба минтақаи озоди иқтисодӣ дар назар дошта шудааст. 
 

Май 30, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд